Расман: Шавкат Мирзиёев боз барои курсии президентӣ рақобат мекунад

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев на совещании с активом Хорезмской области
Шавкат Мирзиёев на совещании с активом Хорезмской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Обуна шудан
Сарвари кунунии давлат дар анҷумани Ҳизби либерал -демократии Ӯзбекистон (ҲЛБӮ) номзад ба мақоми президентӣ тасдиқ шуд. Интихобот 24 октябр баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Дар пойтахти Ӯзбекистон анҷумани навбатии Ҳизби либерал -демократии Ӯзбекистон баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Бо қарори якдилонаи вакилони ин ҳизб Шавкат Мирзиёев номзад ба мақоми президенти кишвар тасдиқ шуд.
Лидер партии Миллий тикланиш Алишер Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Ҳарифи сеюми Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон дақиқ шуд: 46 - cола, забондон
Сарвари феълии кишвар дар суханронии худ як барномаи муфассали амалиро пешкаш кард, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро дар бар мегирад ва на танҳо ба ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дахл дорад, балки биниши муносибатҳои байналмилалиро инъикос мекунад.
Дар ҷараёни анҷуман намояндагони ҳизб аз раҳбари худ изҳори пуштибонӣ карданд ва номзадии ӯро барои ширкат дар интихоботи президентӣ тасдиқ намуданд.
Талош барои мондан дар қудрат: пешбарии дигарбораи Мирзиёев ба мақоми президентӣ
Интихоботи президентии Ӯзбекистон 24 октябр баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, панҷ нафар аз намояндагони аҳзоби сиёсии сабтиномшуда дар кишвар барои курсии президентӣ рақобат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0