Охирин яҳудӣ Афғонистонро тарк кард: ҷузъиёти амалиёти берункашии Симинтов

© AP / David GoldmanЗабулон Симинтов, последний известный еврей, живущий в Афганистане, закрывает окно в синагогу
Забулон Симинтов, последний известный еврей, живущий в Афганистане, закрывает окно в синагогу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Охирин ва танҳо яҳудӣ, ки дар Афғонистон боқӣ монда буд, саранҷом рӯзи сешанбе Афғонистонро тарк кард
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Расонаҳои Афғонистон ва Исроил хабар доданд, ки Забулон Симинтов, як шаҳрванди яҳудӣ, ки солҳои охир, ягона яҳудӣ дар Афғонистон будааст, рӯзи сешанбеи 6 сентябр кишварро тарк карда, ба сӯи Амрико рафт, иттилъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бар асоси иттилои хешовандонаш, вай чанд рӯз пеш аз шаҳри Кобул ба мошини мусофирбар ва таҳти пушиши муборизин ва нигоҳбинони хусусии ширкати исроилии амрикоӣ мунтақил шуд .
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
“Ба кори худ идома диҳед”: номаи муовин ба сафоратҳои Афғонистон
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 30 афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, бо ӯ кишварро тарк кардаанд. Маълум нест, ки ин афрод аз Афғонистон ба кадом кишвар интиқол дода шудаанд.
Симинтов соҳиби дӯкони кабоб буд ва ҳатто моҳи гузашта то омадани Толибон (гурӯҳи террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) мегуфт, ки дар Афғонистон мемонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала