Кам шуд: Эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузаштан ба хазинаи аксМедсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 15 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 сентябр дар кишвар 17042 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16901 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Хатарноктарин нишонаи коронавирус маълум шуд
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 ва ҳоло ба 18 нафар коҳиш ёфт.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала