Қазоқистон мавқеи расмии худро дар бораи Афғонистон эълон кард

© Пресс-служба президента Республики КазахстанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки Афғонистон ба эътидол овардани вазъ дар кишвар ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар маросими супоридани эътиборномаи худ дар Нур-Султон мавқеи кишварро дар бораи вазъи Афғонистон изҳор дошт.
Тоқаев вазъияти Афғонистонро ҳангоми интиқоли қудрат ба Толибон *бӯҳрони ҷиддӣ" тавсиф кард.
Сарвари давлат қайд кард, ки гарчанде Қазоқистон бо Афғонистон марзи муштарак надошта бошад ҳам, аз Алмаато то Кобул ҳамагӣ як соат парвоз аст.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Тоҷикистон гуфт, Толибон* бо мусоидати кишвари сеюм болои Панҷшер ҳамла мекунанд
Президенти Қазоқистон гуфт, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо ва Ховари Миёна дар тамос аст ва барои гуфтугӯ бо дигар раҳбарон омода аст.
"Қазоқистон омода аст бо кишварҳои дигар ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши хушунат, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати беназорат берун аз Афғонистон ҳамкорӣ кунад", - гуфт, Тоқаев.
Раҳбари ҷумҳурӣ инчунин изҳори умедворӣ кард, ки Толибон* (созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) бо таъсиси ҳукумати воқеан ягонаи фарогир ва бо намояндагии дигар миллатҳо ба ваъдаҳои худ вафо хоҳанд кард.
"Қазоқистон бар ин бовар аст, ки Афғонистон бояд ба як давлати устувор, соҳибихтиёр ва муттаҳид табдил ёбад ва бо худ ва бо ҳамсоягонаш дар сулҳ зиндагӣ кунад", - гуфт президенти кишвар.
Қосим Ҷомарт Тоқаев афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд Афғонистонро бо мушкилоти худ танҳо гузорад ва кӯмаки башардӯстона расонад.
* - созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала