Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сарояндаи афғон васфи Раҳмон карду мардуми Душанберо ба "по" хезонд - видео

Фаҳими Фано сарояндаи афғон дар консерти бошукӯҳ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард
Сарояндаи афғон дар "Кохи Борбад" дар таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ширкат карду дар васфи озодии Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон суруд хонд.
Дар наврое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна мардуми шаҳри Душанбе, - яъне ширкаткунандагони консерт аз ҷойи худ бархоста барои ҳунарнамоии сарояндаи афғон кафкӯбӣ мезананд.
Фаҳими Фано бо ин сурудаш васфи озодии мардуми тоҷик мекунаду аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ситоиш менамояд. Ӯ аз ҷумла месарояд, ки "агар сарвар намебуд оли Раҳмон, биҳишт осон намешуд Тоҷикистон".
Шафиъи Айёр ва Фаҳими Фано дар Тоҷикистон: яке, меҳмон, яки дигар - фирорӣ
Суруде, ки овозхон иҷро кард, "Салом ба халқи Тоҷикистон" ном дошта, шеъри Ибодулло Машраб ва оҳангаш моли худи Фаҳими Фонӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Фаҳими Фано, ки дар Кобул ҳангоми баргузории озмуни “Абарситора” – и телевизиони Тулӯъ аз сӯи зӯрмандони мусаллаҳ таҳдид шуд моҳи март ба Тоҷикистон фирор кард.
Ба Раҳмон гуфтанд - "Афғонистон мушкили шумост" - видео
Ӯ ният дорад, ки дар Тоҷикистон паноҳанда шавад ва дар оянда ба ягон кишвари аврупоӣ муҳоҷират кунад.
Фаҳими Фано зодаи вилояти Бағлони Афғонистон буда, тоҷик ҳаст ва ҳоло аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала