Штайнмайер ба Раҳмон: дар масъалаи Афғонистон мо ҷонибдори шумоем

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер
Президент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Президенти Олмон мегӯяд, дар ҳаллии мушкили Афғонистон ҷонибдори Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатӣ номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон.
Ба гуфти сиёсатмадор ин фурсати фараҳбахшро чун соли гузашта оқибатҳои ҳамагирии КОВИД-19, ки ба ягон кишвари дунё бетаъсир намонд, тира сохтаанд.
Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки пандемияро бо амали муштарак ва ибрози ҳамдилӣ пушти сар кардан имкон дорад. Кишвардор афзуда, ки Олмон дар ин ҷода тамоми саъю талошҳои худро ба харҷ дода истодааст.
Люди ждут у пункта пропуска  в пакистано-афганском пограничном городе Чаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Гурезаҳо ба ивази миллионҳо: НАТО дар назди Тоҷикистон ба зону мезанад
Штанмайнер дар ин номаи худ ба масъалаи Афғонистон низ дахл карда гуфтааст, ки дар ин самт ҷонибдори Тоҷикистон аст.

"Бо дар назар гирифтани вазъи кунунии Афғонистон қайд карданиам, ки Олмон ҳамчун шарики муътамад ҷонибдори Тоҷикистон мебошад", - омадааст дар номиа шодбошӣ.

Ҳамин тавр, президенти Олмон ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно кардааст.
Пештар хабар дода шуд, ки НАТО саъй дорад Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ба қабули садҳо ҳазор гуреза аз ин ҷумҳурӣ розӣ кунонад.
Ғарб дар назди ин кишварҳо шартҳои ҷолиб гузошт: агар онҳо ба гурезаҳои афғон иҷоза диҳанд, соҳиби маблағҳои зиёд ва захираҳо мегиранд.
* ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала