Собянин ба муҳоҷирони "вайронкор" бо чораҳои шадид таҳдид кард

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузаштан ба хазинаи аксМэр Москвы Сергей Собянин, архивное фото
Мэр Москвы Сергей Собянин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Шаҳрдори Маскав таъкид кард, ки мақомот ният доранд мубориза бо нақзи тартиботи ҷамъиятӣ дар байни муҳоҷиронро идома диҳад
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар мусоҳиба бо kp.ru гуфт, муҳоҷироне, ки дар Маскав қонуну тартиботро вайрон мекунанд, минбаъд низ аз кишвар хориҷ карда мешаванд ва ҳаққи вуруд маҳрум мегарданд.
"Дар мавриди авбошӣ, вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират бошад, танҳо як роҳ вуҷуд дорад - ҷазо додан, хориҷ кардан ва манъ кардани вуруд. Он чизе, ки ҳоло идома дорад", - гуфт шаҳрдор.
Ба гуфти шаҳрдор, вақте муҳоҷирон бештар ба вайрон кардани қонун шурӯъ карданд, мақомоти шаҳр фавран чораҳои сахт андешид - ин боздоштҳо, парвандаҳои ҷиноятӣ, ихроҷ, манъи вуруд.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Вокуниши Собянин ба занозании оммавии муҳоҷирон: аз чунин меҳмонон мо хуш нестем
Ӯ ваъда дод, ки чунин амалкард идома хоҳад ёфт.
Дар ин миён, шаҳрдори пойтахт таъкид кард, ки Маскав барои коргарони расмӣ аз кишварҳои хориҷӣ боз боқӣ мемонад.
Қаблан Сергей Собянин дар бораи муборизаи мақомоти пойтахт бо нақзи қонун ва тартибот аз ҷониби муҳоҷирон суҳбат карда буд.
Ба гуфти ӯ, тақрибан 200 нафар аз кишварҳои ИДМ барои вайрон кардани қонун ва тартибот аз Маскав ихроҷ карда шуданд.
Перронный контроль пассажиров поезда Москва-Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Наздики 40 муҳоҷир аз Русия депорт карда шуданд: сабаб
Шаҳрдори Маскав таъкид кард, ки Русия аз чунин меҳмонон хушнуд нест.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдорӣ ёдовар шуд, ки маъмулан садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ бо мақсади кор ба Маскав меоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала