Толибон*: Интихобот бо иштироки ҳама мардум баргузор мешавад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксМехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации "Талибан"
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Мақомоти нави Афғонистон гуфтаанд, ки дар оянда интихобот бо ширкати ҳама мардум баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Муовини вазири истихбороти Толибон ба Al Jazeera гуфтааст, ки дар кишвар интихобот баргузор мешавад ва ҳамаи афғонҳо дар он ширкат хоҳанд кард, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
"Марҳилаи навбатӣ интихобот хоҳад буд, ки дар он ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Афғонистон ширкат хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Шоми 7 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* кобинаи ҳукуматашонро эълон кард, ки Ҳабатуллоҳ Охундзода раҳбари ин гурӯҳ боқӣ мемонад.
Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Сухангӯи Толибон* гуфт, ки кобина барои пешрафти вазъи кунунӣ таъин шудааст.
Аммо коршиносони афғонӣ ва берун аз он ба баргузории интихобот аз суи Толибон шак доранду мегӯяд, баргузор шавад ҳам тақаллубӣ хоҳад буд.
15 август Толибон* вориди Кобул шуданд ва қабл аз вуруди онҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом дошт, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кард.
Ин тағйири қудрат боиси он шуд, ки ҳазорон афғон аз тарси ҳамлаҳои ҷавобии Толибон* аз кишвар фирор кунанд.
Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шаби 31 август анҷом ёфт ва ба ҷанги 20-солаи Афғонистон хотима бахшид.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала