Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест

© Национальный олимпийский комитет РТТаджикские спортсмены на Играх СНГ в Казани
Таджикские спортсмены на Играх СНГ в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони кишвар дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон то ҳол 14 медалро ба даст овардаанд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки интизор меравад, 11 сентябр дар Қазон ҷамъбаст гардад, варзишгарони тоҷикистонӣ то ҳол 7 медали нуқра ва 7 биринҷиро соҳиб шудаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар риштаи самбо паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71 кило сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар мусобиқаи бокси тайландӣ варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.

"Бибинишастамоҳ Холова дар вазни то 60 кило миёни духтарон медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило миёни писарон медали биринҷиро гирифтанд", - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Илова шудааст, ки дар мусобиқаи тенниси рӯи миз, Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон ба медали биринҷӣ даст ёфтаанд.
Қаблан дар мусобиқаи куштии тарзи озод ду варзишгари Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кило ва Мустафо Ахмедов дар вазни 70 кило сазовори медали нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни то 75 кило соҳиб шуд.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тавсифи раиси Кумитаи ҷавонону варзиш аз шароит барои варзишгарон дар Тоҷикистон
Дар феҳрасти медалдорон инчунин паҳлавонҳои риштаи куштии камарбандӣ - Фирӯзҷон Зиёев (-68кг) ва Дилшод Қурбонов (-82кг) зикр шуданд, ки соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ дар якумин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз Тоҷикистон 51 варзишгар дар 11 намуди варзиш ширкат доранд. Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бозиҳо умуман беш аз 1 ҳазор варзишгар аз 10 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала