Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Бародари Амруллоҳ Солеҳ аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон* кушта шуд

© Из социальных сетейРухуллох Салех брат Амрулла Салеха, самоправозглашенного президента Афганистана
Рухуллох Салех брат Амрулла Салеха, самоправозглашенного президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Рӯҳуллоҳ, бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер кушта шуд
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҷангҷӯёни Толибон* бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳ, президенти худхондаи Афғонистонро тирборон карда куштанд.
Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ёфтааст.
Гуфта шудааст, ки ҷангҷӯёни Толибон* ҳоҷи Руҳуллоҳ бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳро ҳангоми рафтан ба Кобул шиносоӣ ва тирборон намуданд.
Як манбаи ба Sputnik тасдиқ кардааст Рӯҳуллоҳ Солеҳ, бародари Амруллоҳ Солеҳ, президенти худхондаи Афғонистон, аз ҷониби Толибон* кушта шудааст.
Да ҳамин ҳол, Толибон* то ҳол дар бораи ин хабар изҳори назар накардаанд.
Ёдрас мешавем, ки Амруллоҳ Солеҳ баъд аз фирори президенти собиқ Ашраф Ғанӣ аз кишвар, ки бинобар ишғоли қудрат аз ҷониби аъзои ҷунбиши радикалии Толибон*, ки дар Русия мамнӯъ эълон шуда буданд, ҷумҳуриро тарк кард, худро сарвари нави ҷумҳурӣ эълон кард ва ба дараи Панҷшер рафт.
Қаблан дар расонаҳо дар бораи фирори ноиби президенти пешини Афғонистон ба Тоҷикистон маълумот пайдо шуда буд.
Аммо, дертар Солеҳ паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он ин маълумотро рад кард.
Вай изҳор дошт, ки дар Панҷшер аст ва гузоришҳои фирори ӯ "таблиғи душманон" аст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала