Эрон: ҳамлаи Толибон* ба Панҷшер бародаркушӣ аст

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Намояндаи Эрон дар СММ ҳамлаи Толибон* ба Панҷшерро "тавҷеҳнопазир ва бародаркуш" хонд
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Намояндаи Эрон дар Созмони Милал ҳамлаи Толибон* ба Панҷшерро "тавҷеҳнопазир ва бародаркушӣ" хондааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бино бар иттилои мнабаъ, Маҷид Тахти Раванчӣ дар ҷаласаи вижаи Шӯрои Амният барои Афғонистон гуфт: "Ҳама ҳукумате, ки бо зӯр ба сари қудрат меояд, эътироф нахоҳад шуд".
Ҳамзамон шӯрои олии амнияти милии Эрон эълон доштааст, ки Толибон*-ро ҳанӯз ба расмият нашинохтааст.
Шӯрои Амнияти Миллии Эрон ба ҳукумат ва Вазорати умури хориҷа дастур додааст, ки аз ба расмият шинохтани Толибон* феълан худдорӣ кунанд.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Толибон* қасам ёд намекунанд: маросими савгандёдкунии ҳукумати нави Афғонистон лағв шуд
Бояд гуфт, ки Саид Хатибзода, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон, ахиран зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки мавқеи Теҳрон дар бораи ҳукумати нави Афғонистон аз иҷрои ваъдаи ташкили ҳукумати фарогир вобаста аст.
Хатибзода гуфт, ки сулҳу субот дар Афғонистон бо мушорикати ҳама ақвоми Афғонистон барои ташкили як давлати фарогир зарурӣ аст.
“Мунтазирем давлати баъдӣ тааҳудотро анҷом диҳад ва сипас мо дар ин росто тасмим хоҳем гирифт”, - афзуд ӯ.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала