Гутерриш хостори мулоқоти сарони давлатҳои ҷаҳон барои баҳси бехатарӣ шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, хостори ҷаласаи сарони кишварҳои ҷаҳон дар масоили амниятӣ ва оянда шудааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дабири кулли СММ дар Ассамблеяи генералии созмон даъват кард, ки "саммити оянда" дар сатҳи баланд дар масоили сулҳу амнияти ҷаҳонӣ гузаронда шавад.
Ба гуфтаи Гутерриш, ҷаҳон наметавонад хатарҳои пандемия ва тағйири босуръати иқлимро нодида гирад. Ӯ даъват намуд, ки даври нави тағйироти ҷасуронаи сиёсат дар ҳамаи бахшҳо оғоз карда шавад, навиштааст РИА Новости.
Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Кумитаи тафтишотӣ пайдоиши лабораторияҳои ИМА - ро дар атрофи Русия шарҳ дод
Дабири кулли СММ зарур хонд, ки "сарҳоро бояд аз хок берун кард" ва далерона бо буҳронҳои оянда дар бахши тандурустӣ, молия ва иқлим рӯбарӯ шуд.
"Яке аз тавсияҳои меҳварии гузориши ман дар он аст, ки ҷаҳон бояд бо ҳам ояд, то ҳамаи ин масоилро дар Саммити оянда дар сатҳи баланд баррасӣ намояд. Ин саммит бояд созиши ҷаҳониеро дар мавриди оянда ҳосил кунад, ки мо онро чигуна дидан мехоҳему чӣ тавр онро ҳифз бояд кард", - таъкид намуд дабири кул.
Яке аз барномаи ҷаласа бояд диди комилу фарогир ба амнияти ҷаҳонӣ бошад, изҳор дошт Антониу Гутерриш.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала