Ҷабҳаи муқовимат дубора навоҳии Дара, Обшор ва Парёни Панҷшерро гирифт

© Маркази матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии АфғонистонНерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дарвозаи Панҷшер
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дарвозаи Панҷшер
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Расонаҳои Афғонистон аз дубора ишғол шудани чанд ноҳияи вилояти Панҷшер аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат хабар медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Хабарнигор "Aamaj News" ки пас аз чанд рӯзи қатъи интернет аз Панҷшер берун омадааст, гуфт, Ҷабҳаи муқовимат назоратро аз болои навоҳии Дара, Обшор ва Парён дигарбора ба даст гирифт, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
Вай меафзояд, ки дар минтақаҳои дигар нерӯҳои муқовимат дар кӯҳҳо ҷой гирифтаанд.
Вай мегӯяд, вазъи мардуми осоишта дар ин вилоят фалокатбор аст.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан ду ҳафта боз дар вилояти Панҷшер миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон* ҷангҳои шадид идома дорад.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо ПАнҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангад ва талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Дар пайи вуруди ҷангиён ба Кобул Афшраф Ғанӣ собиқ президенти Афғонистон аз кишвар фирор кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала