Толибон* кучи маҷбуриро дар Панҷшер оғоз кардаанд

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ аз раванди муҳоҷирати иҷбории мардуми Панҷшер хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар Твиттер навишт, ки раванди қатли ом ва муҳоҷирати маҷбурӣ ва оммавии мардуми Панҷшер аз ҷониби Толибон* идома дорад.
Гeфта мешавад, ки мардум дар ҳоли тарк кардани хонаҳои худ ҳастанд.
"Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муқовимат бо таҷовузкоронро идома медиҳад. Озодӣ ва шаъну шарафи инсонӣ эҳё хоҳад шуд ва ҳақиқат бар Толибон пирӯз хоҳад шуд", - омадааст дар идомаи паём.
Ёдовар мешавем, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар як муроҷиати видеоии худ изҳор дошт, ки муқовимат дар Афғонистон идома дорад ва Толибон* бояд мунтазири қиёми саросарӣ дар Афғонистон бошанд.
Муроҷиати Солеҳ Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи Муқовимат ба мардуми Афғонистон - навор
Дар ин навор Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мегӯяд, ки Толибон* як гурӯҳи мутаассиб, ситамгар ва мутаҷовиз аст, ки бар амнтарин вилояти Афғонистон яъне Панҷшер таҷовуз кардааст ва имрӯз фазои ваҳшат ва бераҳмиро дар ин вилоят мусаллат сохтааст.
Инчунин, Регистонӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш кардааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Толибонро* ба расмият нашиносанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0