Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ваксина хайр кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцина от коронавируса AstraZeneca
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вуруди бастаҳои нави ваксинаи зидди коронавирус ба кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Олмон барои Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи ваксинаи зидди COVID-19 додааст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин бастаи ваксина дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ироа гардиданд.
"Шаби 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи "AstraZeneca" ворид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Хатарноктарин нишонаи коронавирус маълум шуд
Манбаъ афзуд, ки маросими расмии супоридани ваксинаҳои мазкур 10 -уми сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар маросими қабули ваксинаҳо ба намояндагони Олмон изҳори миннатдорӣ кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Дар Тоҷикистон ваксинагирӣ барои афроди 18-сола боло ҳатмӣ эълон карда шуда, тибқи омори охир ҳудуди 2,1 миллион нафар ё 34,5 дарсади сокинони болиғи кишвар ваксина гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала