Аз омӯзгор то табиб ба ҳашар: пахтачинӣ дар Суғд оғоз шуд

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Дар вилояти Суғд ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намудаанд. Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини ҳукумати Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуда дар он масъалаи сафарбаршавии ҳашарчиён ва ҳаққи чидани пахта муқаррар гардад
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Соли гузашта масъулони ҳукумати Суғд маъракаи “60 – рӯзи зарбдор дар пахтазор” роҳандозӣ намуда, барои сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ аз ҷумла омӯзгорону табибон ба саҳро дастур дода буданд.
Соли гузашта барои чидани як кило пахта ба коргарони кироя 70 дирам нарх муқарар шуда буд, вале бисёриҳо мегуфтанд, ки аз ин ҳисоб ҳам аз онҳо андоз дошта, барои чидани пахта 50 дирамӣ медиҳанд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар майдони 52 ҳазору 782 гектор пунбадона кишт гузаронида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 6, 2 ҳазор гектор кам будааст.
“Аз сабаби номусоид омадани боду ҳаво имсол кишти пахта камтар гузаронида шуд. Бар замми ин ду ҳазор гектор замини пахта аз таъсири тағйирёбии иқлим вайрон шуд”, - гуфт Маҳсудзода.
Масъулони Идораи кишоварзӣ мегуянд, соли ҷорӣ ҷамъоварии 130 ҳазор тон пахта дар назар дошта шудааст. Ба ин савол, ки оё имсол ҳам барои ҷамъоварии ҳосили пахта кормандони соҳаи буҷҷавӣ, муаллимону табибон фиристода мешаванд?.
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Вазорат: дар Тоҷикистон маросими ҷамъоварии пахта оғоз шуд
Маҳмудзода дар посух ба ин савол худдорӣ кард ва гуфт, ки “инро ҷаласаи ситоди вилояти оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта маълум менамояд”.
Солҳои қаблӣ ба ҳисоби табибону омӯзгорон, ҳатто санъаткорон низ ба рӯзҳои истироҳати худро дар пахтазорҳо мегузарониданд.
Раисон низ гоҳ - гоҳ худро дар паҳлуи марди деҳқон ба саҳро мерасониданд. Соли гузашта пахтакорони Суғд аз майдони 58, 9 ҳазор гектор 130 ҳазор тон ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд.
Аммо шуморе аз деҳқонон дар бораи коҳиши нархи “тиллои сафед” дар бозори ҷаҳонӣ иброз менамуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала