Песков гуфт, Русия дар маросими эълони ҳукумати Толибон* иштирок намекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия масъалаи иштирок дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* - ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Русия ба ҳеч шевае дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* иштирок нахоҳад кард, изҳор дошт Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия.
"Русия ҳеч гуна дар ин маросим ширкат нахоҳад кард", - посухи кӯтоҳ дод Песков ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эълони ҳукумати Толибон*.
Қаблан мақомдорони Толибон* ба РИА Новости аз даъвати намояндагони Русия, Чин, Қатар, Туркия, Покистон ва Эрон ба маросими эълони ҳукуматашон хабар доданд. Маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* 11 сентябр дар назар аст.
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?
Пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, аз Толибон* ташкили як ҳукумати фарогирро интизоранд, ки на танҳо аъзои ҳаракат, балки намояндагони дигар қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон, пуштун, ҳазора, ӯзбекҳоро дар бар мегиранд.
"Агар ин (фарогирӣ - шарҳ аз идора) баррасӣ шавад, ман фикр мекунам, ки мо бо хушнудӣ дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои даъватшуда, ки ба вазъи ин кишвар таъсир мерасонанд, ширкат хоҳем кард", - илова намуда буд вазир қаблан.
Толибон* 15 август Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Феълан алайҳи ин гуруҳи тундрав, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст, ки эълон медорад, барои ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандони кишвар мубориза мебарад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0