Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКурс валют
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Қурби пули амрикоӣ дар баробари сомонӣ ва дигар асъор ҳамоно устувориро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он рублу доллар ва евро боло рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1541 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш поинтар аст.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.3826 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.4126 буд.
Қурби доллар бошад, пас аз охирон ҷаҳишаш дар соли гузашта дигар аз он хат поин намешавад . Ҳоло 1 доллар дар бозори арзи кишвар 11.3210 сомонӣ арзиш дорад.
Ин нишондиҳандаи асъори амрикоӣ наздик ба як сол мешавад, ки боло меравад, аммо аз ин рақам (11.3200) поин на.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3210 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3826 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1541 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад,ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0