Сурудхонии ситораи дурахшони эстрадаи Русия дар консерти Душанбе – видео

Барандаи озмуни “Ты супер!” ситораи дурахшони эстрадаи Русия Диана Анкудинова дар як консерти бошукӯҳе, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шуд, сурудеро дар бораи Тоҷикистон хонд
Овозхони рус Диана Анкудинова дар консерти калони идона, ки дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 30 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд ҳамчун меҳмони даъват шуда иштирок кард.
Вай бо либоси чакани миллии сурх як суруди хеле зебову таъсирбахшеро дар бораи Тоҷикистон ба забони русӣ хонд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай суруди нав дар бораи Тоҷикистонро дар иҷрои Диана Анкудинова қадрдонӣ кардаанд ва дар зери видеои нашршуда садҳо шарҳи мусбат навиштаанд.
"Вой! Диана Русияро дар як ҷашн дар Тоҷикистон муаррифӣ кард! Либос зебо аст, ба Диана хеле мувофиқ аст! Мо аз шумо ифтихор мекунем, Диана", қайд кард яке аз корбарон.
"Ман дар ин консерт будам. Вақте Дианаро дидам, хеле хурсанд шудам, ки вай дар шаҳри мо буд ва дар бораи Тоҷикистони мо суруд мехонд", навиштааст дигаре.
Ёдовар мешавем, ки овозхони ҷавон Диана Анкудинова аз Тольяттиии Русия аст. Диана шуҳраташро пас аз ғалабааш дар озмуни вокалии телевизионии "Ту супер!" ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала