“Вазъ хароб аст”: - гузоришҳо аз Панҷшеру Кобул

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Бино ба гузоришҳое, ки аз Панҷшер мерасанд, нерӯҳои “Толибон” мардуми мулкиро таҳти фишори сахт қарор додаанд ва ҳамкорони Ҷабҳаи муқовиматро меҷӯянд
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҳамзамон аз як даргирӣ дар дараи Ҳисорак гузориш мерасад, ки бо талафоти сангин барои “Толибон” анҷом шудааст.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли сокинони Панҷшер, ки тавонистаанд ба Кобул худро расонанд, қисса мекунанд, ки иртиботи дара бо ҷаҳони берунӣ комилан қатъ шудааст.
“Толибон” касеро намегузоранд, ки аз дара берун равад ё дохил ояд. Дар рустоҳои канори ҷодаи асосӣ посгоҳҳо эҷод намуда, касеро намегузоранд, ки аз деҳа берун шавад. Дар дараҳое, ки ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимат паноҳ бурдаанд, пушти дари ҳар ҳавлӣ сарбози онҳо посбон истодааст ва намегузоранд, ки касе ҳатто пайи баровардани ниёзмандиҳои худ ба бозор равад”, - гуфтаанд сокинони Панҷшер.
Абдураб Расули Сайёф, маъруф ба Устод Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи “Толибон” дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
“Юриш ба Панҷшер норавост”: Сайёф – “душмани №1-и “Толибон*” садо баланд кард
Ҳамзамон то ба ҳол алоқаи телефонӣ ва интернет дар вилоят то ба ҳол комилан қатъ аст. Сабту наворҳои видеоие, ки аз дара берун меоянд, тариқи афроде анҷом мешаванд, ки аз роҳҳои пинҳонӣ тариқи куҳҳои саъбулубури Нуристону Кописо хориҷ шудаанд.
“Тамоми телефонҳои ҳамроҳро, ки диданд, мусодира мекунанд. Ҳоло ба ҷустуҷӯи онҳое афтодаанд, ки сабти муроҷиати Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовиматро дар ихтиёри расонаҳо гузоштаанд. Ин талошҳо дар Кобул низ роҳандозӣ шудаанд”, - гуфтааст манбаъ.
Бино ба гузоришҳо, рӯзи гузашта дар дараи Ҳисорак, наздикии рустои Руха, зодгоҳи Юнус Қонуниву Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, як даргирии шадиде миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” иттифоқ дода, бо талафоти сангине барои ахириҳо тамом шудааст. Аммо ҳеҷ рақам дар ин бора ироа намешавад.

“Кобул ваҳшат аст”

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Кобулу Кописо ва Парвон хабар медиҳанд, ки тазоҳуроти мардумӣ мушкили зиёде барои “Толибон” халқ кардааст.
“Вазъи Кобулро дар ин рӯзҳо наметавон пешбинӣ кард. Ҳар лаҳза имкони талхтарин ҳодиса вуҷуд дорад. Мардум ҳама ба тазоҳурот рӯй овардааст, ба вежа баъд аз он шаб, ки Покистон бо тайёраҳои ҷангӣ ба мавозеъи муқоваматгарон ҳамла намуд. Вазъияти Кобул комилан хароб аст ва ҳама мардум мусаллаҳ шуда ва думболи як фурсат аст то аслиҳа ба дӯш бикашад”, - гуфт як сокини Кобул.
Выступление Президента Республики Таджикистан, лидера нации на встрече страны по случаю 30 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон аз куштору саркӯби занону рӯзноманигорон дар Афғонистон гуфт - видео
Вай афзуд, рафтори “Толибон” ҳам бо мардум дур аз тасаввур аст ва ин ҳамаро бо як ҳайрат наззора мекунанд.
“Яъне ки ҳеҷ чизро намефаҳманд ва ангор ин ҷо ҷангал аст ва онҳо нигаҳбони ҷангал. Мардум дар Кобул аз ҳар нигоҳ ташвиш доранд, зеро қимати маводҳои аввалия ба болотарин ҳад расидааст, кору косибӣ дар кулл хобидаанд, ҳеҷ манбаъи даромад феълан барои мардум нест. Дар ниҳоят Кобул ваҳшат аст, зулм аст, ноумедӣ аст ва торикии мутлақ”, - гуфт ӯ.

“18 сунбула”

18 сунбула ё 9 сентябр мусодиф ба солрӯзи шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, шаби қабл аз он Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи “Ҳаққонӣ”, ки феълан сарпарасти вазорати корҳои дохилии Афғонистон аст, фармон додааст, ки аз тазоҳурот ҷидавгирӣ кунанд.
“Вай ба сурати ҷиддӣ тазоҳуротро манъ карда буд ва имрӯз шаҳр аксаран пур аз низомӣ аст ва убуру мурурро ба шиддат зери назар гирифтааст. Хеле аз ҷоҳое, ки худашон тарс аз тазоҳурот доранд, интернетро қатъ кардаанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ӯ, “Толибон” асосан назоратро дар Хайрхона, минтақаи тоҷикнишин ва Ғарби Кобул, минтақаи ҳазоранишин ташдид бахшиданд, аммо тазоҳуроти сахттаре ба қиёс аз рӯзҳои дигар дар пойтахти Афғонистон иттифоқ афтод.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Толибон* кучи маҷбуриро дар Панҷшер оғоз кардаанд
“Тазоҳуроти имрӯз хеле сахт буд ва “Толибон” ба шиддат даст ба моша буд ва кӯчактарин иштибоҳи мазоҳиракунандагон боис мешуд даҳҳо нафар кушта шавад. Аммо дар ин миён бисёре аз ҷоҳои Кобул интернет қатъ буд ва дӯстони наздикам аз Хайрхона хабар медиҳанд, ки “Толибон” талошии хона ба хонаро имрӯз оғоз карда ва идома медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, тазоҳуроти маданӣ дар Чоряккору Маҳмудроқӣ, марокизи маъмурии Парвону Кописо низ пиёда шуданд, ки аксари ширкаткунандагон занону духтарон буданд ва ҳукумати “Толибон” тақозо доранд, ки даст аз ҷанги Панҷшер бардорад ва мушкили иҷтимоиву иқтисодии мардумро ҳал кунад.
Ин тазоҳурот аввалин чолиши ҷиддӣ пас аз ҷангҳои Панҷшер барои ҳукумати навтаъсиси “Толибон” аст, ки то ба ҳол роҳи ҳалле барои онҳо наёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала