Коршинос шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон нисбати Толибон* оштинопазир аст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ "Талибана"
Мазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Коршинос мавқеи сахти Тоҷикистонро нисбати ҳукумати нави Толибон* шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Коршиноси Маркази Карнегии Маскав Темур Умаров шарҳ, ки чаро Тоҷикистон нисбат ба ҷунбиши Толибон*, ки Афғонистонро таҳти назорат дорад, чунин мавқеи шадид дорад, менависад Lenta.ru.
Умаров гуфт, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон алакай бо Толибон* музокироти расмӣ доранд, аммо Тоҷикистон "нисбати ҳукумати нави Афғонистон мавқеи шадидтар гирифтааст".
Ба гуфтаи ӯ, ин нуқтаи назари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қаблан изҳор дошт, ки аз Афғонистон як ҳукумати "фарогир" -ро бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ интизор аст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Дар байни гуфтаҳои дигар, Раҳмон аз тоҷикони қавмӣ ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, беш аз 46% аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.
Ба қавли коршинос, дар оянда Тоҷикистон бояд бо Толибон* музокира кунад, зеро онҳо аллакай сарҳадро бо дарозии 1,3 ҳазор километр назорат мекунанд.
"Рӯзе лозим аст, ки онро боз кунанд. Ҳамеша пӯшида нигоҳ доштани он ғайриимкон аст, бинобар ин онҳо маҷбур мешаванд музокира кунанд", - қайд кард Умаров.
Вай афзуд, ки музокирот "ба эҳтимоли зиёд суоли вақт аст".
Ёдовар мешавем, ки ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон аллакай дар Кобул эълон шуд. Ба он танҳо аъзоёни Толибон* ва ҷонибдорони ҳаракат, яъне паштунҳо шомиланд.
Бисёр шахсон аз ҳукумати нави Афғонистон, ки Толибон* ҷамъ кардаанд, на танҳо дар хориҷа, балки дар дохили кишвар ҳам кам шинохта мешаванд.
Намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ дар девон аз 33 нафар танҳо чаҳор нафаранд.
Фармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қорӣ Фасеҳуддини бадахшӣ “зинда шуд” – у вазифа гирифт
Се тоҷики қавмӣ аз вилояти Бадахшон ба сари қудрат омадаанд, ки онҳо Корӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, масъули Вазорати иқтисод, Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ вазири алоқа ва Корӣ Фасеҳуддин, фармондеҳи ситоди артиш мебошад.
Чаҳоруин нафаре, ки паштун не, узбактабори вилояти Ҷузҷон - Абдулсалом Ҳанафӣ аст. Вай муовини дувуми сарвазир таъин шуд.
* - ҷунбиши Толибон* дар Русия ва Тоҷикистон террористӣ эътироф ва мамнӯъ шудааст аст.
Лентаи хабарҳо
0