Чангу ғубор ва борон: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик барои 11 сентябр

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Обуҳавошиносии тоҷик мегӯянд, ки қисме аз манотиқи кишварро борони кутоҳмуддату раъду барқ ва қисмеро чангу ғубор интизор аст
ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, тағйирбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйр ёфта аз -1+4, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, , раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ҳушдор: ба Тоҷикистон тӯфони чанг ҳуҷум мекунад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала