Даргузашти Холиқов, собиқ раиси Истаравшан: дирӯз дар тантанаҳои Истиқлолият ширкат дошт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Муним Холиқов, собиқ раиси Кумитаи омори назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ раиси шаҳри Истаравшан дар синни 63 – солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Маъмурзода Нозим, сардори идораи амволи давлатии ҳукумати шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид намуд.
“Холиқов дирӯз дар гузашти низомӣ ва тантанҳои бахшида ба 30-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳи шахсиятҳои маъруф иштирок намуда буданд, вале ин суҳб хабар доданд, ки он кас бандагӣ кардаанд, риштаи умрашон ҳамин қадар будааст”, - гуфт Маъмурзода.
Холиқов Муним Маърупович 14 июли соли 1958 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Холиқов то соли 2016 дар якчанд вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардааст.
Аз ҷумла соли 1991 дар идораи он замон навтаъсиси андоз дар вилояти Суғд. Баъдан муовини раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иқтисодиёт.
Чанд сол сардори Идораи фонди иҷтимоӣ ва нафақа ва инчунин раиси Кумитаи омори назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Даргузашти собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Соли 2006 -2011 раиси шаҳри Истаравшан буд.
Холиқов ду дафъа узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
То соли 2016, то рафтан ба нафақа минҳайси раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати шаҳри Душанбе ва сардори Раёсати омори вилояти Суғд кор кардааст.
Қарор аст соати 14 - и баъд аз зуҳри имрӯз ҷанозаи Мунимҷон Холиқов дар қабристони маърӯф ба “Талтеппа” - и шаҳри Истаравшан ба хок супурда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала