Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе: БДА ба ронандаҳо гуфт, бе зарурат ба пойтахт наоянд

© Фото : Аз равобити умуми ВКДХудрави БДА
Худрави БДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе тайи 3 рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳр маҳдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон хабар дода, ки ҳаракат дар роҳҳо рӯзҳои 15-18-уми сентябри маҳдуд хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст.
"Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
БДА аз шаҳрандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд, таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем Тоҷикистон имсол раҳбарии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба зима дорад.
Дар назар аст сарони давлатҳои аъзои ин созмонҳо вориди Душанбе шаванд.
Лентаи хабарҳо
0