Cокини Исфара, ки панҷ мартиба суд шуда буд, боз барои дуздӣ боздошт шуд

© ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Як сокини 42 солаи Исфара дар содир намудани силсиладуздии пулу моли сокинон аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Мақомоти милитсия дар ҳоле нисбати Абдунаим Махкамов, сокини 42 солаи ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара парванда боз намудаанд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи парвандаи Махкамов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин сокини шаҳри Исфара давоми моҳи август дар чанд ҳолат бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокинони шаҳри Конибодом даромада, пул ва ҷавоҳироти онҳоро рабудааст.
“Санаи 4 август аз хонаи сокини ҷамоати Ҳ. Ортиқови шаҳри Конибодом 510 сомонӣ дуздидааст. Санаи 22 август аз хонаи як сокини дигар ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ва инчунин аз хонаи як сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони Конибодом ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ пул ва тилловорӣ дуздидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Скорая помощь в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Ҳалокати шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе дар пайи садама: боздошти ронандаи фирорӣ
Бино ба иттилоъи манбаъ, Абдунаим Махкамов то ин замон панҷ маротиба дар солҳои 2003, 2006, 2009, 2017 ва ахиран соли 2019 бо ҷурми содир намудани дуздӣ маҳкум шуда буд, аамо аз ин кирдори худ даст накашидааст.
Баъди ошкор шудани силсиладуздиҳо аз хонаҳои сокинони шаҳри Конибодом, мақомоти милитсия нисбати Махкамов бо моддаи 244 қисми 4 (дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Мабаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин парванда аз сӯи мақомоти милитсия идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала