Ҷосуси Толибон* дар Бритониё боздошт шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Обуна шудан
Пулиси Бритониё дар миёни афроде, ки аз Афғонистон ба ин кишвар фирор карда буд, ҷосус Толибон*-ро боздошт кард
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Рӯзномаи Daily Mail хабар додааст, ки пулиси Бритониё як нафареро, ки қаблан аз Афғонистон бароварда шуда, боздошт шудааст.
Пулиси Бритониё, хабар додааст, ки ҷосуси Толибон*-ро дастгир кардааст.
Ин марди афғон бо нерӯҳои хориҷӣ дар қитаоти хос вазифа анҷом медод, пас аз тассаруи қудрат тавасути Толибон, марди 33-сола дар 21 август ба бо ҳамроҳии хонаводааш ба Англия мунтақил шуд.
Гуфта мешавад, ки дар меҳмонхонае, ки ӯ қарантина буд пулис ӯро бо гумони терроризм аз утоқаш берун мекунад. Ҳоло ӯ дар зиндони Лондон нигаҳдорӣ мешавад.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Толибон* қасам ёд намекунанд: маросими савгандёдкунии ҳукумати нави Афғонистон лағв шуд
Бино ба гузоришҳо, афсари нирӯҳои вижаи Афғонистон бо гурӯҳҳои террористӣ иртибот дошта, ба нафъи Толибон* ҷосусӣ мекардааст.
Пулиси Бритониё тамоми дороии ин мардро мусодира карда, тафтишотро идома медиҳад.
Қаблан мақомоти амрикоӣ 44 нафарро, ки аз Афғонистон бароварда шуданд, ҳамчун нафароне, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд эълон кардааст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламарави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0