Мақомот 50 нафар роҳбарони диаспораҳои тоҷиконро ба Душанбе даъват кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПарад в Душанбе в честь 30-летия государственной независимости Республики Таджикистан
Парад в Душанбе в честь 30-летия государственной независимости Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Мақомоти Тоҷикистон барои иштирок дар ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ роҳбарони диаспораҳои тоҷиконро ба шаҳри Душанбе даъват кард
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 50 нафар роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои фарҳангии тоҷикон, соҳибкорони муваффақ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои идона ба шаҳри Душанбе даъват гардиданд, иттилоъ додаст намояндагии вазорати меҳнат дар Русия.
Тбқи иттилои манбаъ ҳайати мазкур дар гузашти низомии идона, роҳпаймоии осоишта, барномаи театркунонидашудаи аҳли фарҳанг ва мулоқоти хоссаи Эммалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ширин Амонзода, министру труда и занятости провел встречу с лидерами таджикских диаспор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад
Гуфта шудааст, ки дар доираи сафари мазкур ҳайати сафарбаргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, аҳли илму адаби кишвар мулоқоту вохӯриҳои судмандро анҷом доданд.
Манбаъ илова кардааст, ки роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони муваффақи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии малакат ва муаррифи фарҳанг, таърих, осори маданиву фарҳангӣ, расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар ҳамасола аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатии Тоҷикистон дар рафаи ҷашну идҳои милливу давлатӣ қадрдонӣ карда шуда, ба чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала