Муфтии Тоҷикистон: Толибон* чун гузашта хатар доранд

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, Толибон* чун гузашта хатар доранд
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ҳаракати террористии "Толибон" имрӯз худро давлати исломӣ гуфта, занону кӯдакон ва бародаронро қурбонӣ мекунанд, ки ин суистифода ва бадномкунии дин аст.
Абдулқодирзода дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, ки ин рафтори инҳо маънои онро дорад, ки инҳо аз Ислом, гуфтаҳои исломӣ, мусалмонӣ, раҳму шафқат ва бародарӣ хеле дур мебошанд.
"Пеш аз он ки ёрони Пайёмбар (с.а.в) ба ҷанг мерафтанд, он кас ба ёронашон таъкид мекарданд, ки "дарахтонро набуред, ба оне, ки силоҳашро ба замин гузошта, таслим шуд, озор нарасонед, занону кӯдаконро накушед ва ҳатто роҳибону диндоронеро, ки ғайримусалмон ҳам бошанд, ба қатл нарасонед", - мегӯяд раиси Шӯрои уламо.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳама раҳму шафқати мусалмонӣ ва қоидаҳои исломӣ имрӯз дар симои толибон дида намешаванд",- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Агар мо таърихи гузаштаи толибон ва таърихи чандрӯзаи онҳоро ба назар гирем, мебинем, ки онҳо дар оянда ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба тамоми давлатҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ доранд, таъкид кардааст Абдулқодирзода.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Эрон: ҳамлаи Толибон* ба Панҷшер бародаркушӣ аст
"Дини мубини Ислом нагуфтааст, ки зан-модарро дар назди оммаи мардум шаллоқ занед. Ё он ки занеро, ки соҳиби кӯдакони худрсол мебошад, толибон барои аз хона баромаданаш иҷозат намедиҳанд. Пас агар ин зан кор накунад, фарзандонаш аз гуруснагӣ намемиранд? Ин Ислом нест, балки Ислом дини раҳму шафқату меҳрубонӣ аст", - мегӯяд номбурда.
Ӯ гуфт, агар инҳо Исломи асосиро нишон медоданд, тамоми олам қабулашон мекард ва давлаташонро ба расмият мешинохтанд, аммо онҳо аз номи Ислом корҳои касиф намуда, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд.
Коре, ки имрӯз толибон мекунанд, ин Ислом нест, таъкид кард, раиси Шӯрои уламо
Лентаи хабарҳо
0