Муштзани Тоҷикистон бар асари ҷароҳат аз имконияти дастёбӣ ба камарбанди IBF маҳрум шуд

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Муштзани маъруфи зодаи Тоҷикистон бинобар барқароршавӣ пас аз ҷароҳат дар набард барои унвони камарбанди қаҳрамонӣ иштирок намекунад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Шавкатҷон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии IBF дар вазни сабук ширкат нахоҳад кард.
Маълумот дар ин бора ҳанӯз моҳи август пайдо шуда буд, аммо сабаби лағви ширкати ӯ гуфта намешуд. Қаблан сухан дар бораи мавқуф гузоштани ҷанг буд.
Дар аввал бояд бо зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия тамрин ва ҳунарнамоӣ мекунад, мебоист Кеничи Огаваи ҷопонӣ ба ринг ворид мешуд. Мубориза мебоист 20 август дар Дубай баргузор мешуд.
Таджикские спортсмены на Играх СНГ в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест
Аммо маълум шуд, ки зодаи Тоҷикистон моҳи август лат бардошта буд ва барои камарбанд, ки аз соли 2019 ба ин сӯ талош мекард, рақобат намекунад.
Ҳамакнун барои дарёфти унвони қаҳрамонии IBF Кеничи Огава аз Ҷопон ва Аҳинга Фузиле аз Африқои Ҷанубӣ рақобат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала