Суғд: арзиши газу бензин каме поён рафт, вале сокинон аз нархҳои “миёншикан” мегуянд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксНа одной из автозаправочных станций
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш, арзиши бензин ва гази моеъ умдатарин маводи сӯзишворӣ дар фурӯшгоҳҳои Суғд аз 30 то 50 дирам поён шудааст. Аммо сокинон мегуянд, ҳанӯз нархҳои мавҷуда гарон буда ба вазъи бе ин ҳам хароби иқтисоди онҳо таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Тибқи нархномае, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ нашр намудаанд, поёнравии нархи гази моеъ ва бензин мушоҳида мешавад.
Ҳоло нархи гази моеъ 8 сомонӣ, бензини навъи АИ 95 – 10, 5 сомонӣ, АИ 92 – 10 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 9, 2 сомонӣ рақам зада мешавад.
Як ҳафта пеш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Суғд нархи гази моеъ – 8, 2 сомонӣ ва бензини навъи АИ 92 – 10, 5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ буд.
Дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл арзиши гази моеъ 30 дирам ва навъи бинзини АИ 92 то 50 дирам поён шудааст. Аммо, баъзе аз сокинон изҳор мекунанд, ки нархҳои мавҷуда ба вазъи бе ин ҳам хароби иқтисоди онҳо зарба мерасонад.
Пассажиры в зале ожидания аэропорта в городе Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Дар Суғд нархи билети ҳавопаймо арзон шуд: чаро сокинон ҳанӯз ба Русия аз Тошканд мераванд
Умрихола як сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, пештар газбалони хонаашро бо 30 - 40 сомонӣ пур мекард, вале ҳоло нархи он 80 – 82 сомонӣ ва беш аз як баробар гарон шудааст.
“Ман нафақахур ҳастам ва ҳар моҳ то 380 сомонӣ нафақа мегирам. Тасаввур кунед, ки бо ин маблағ чи гуна газ харем ва орду равған. Нархҳо арзон шаванд, барои мо барин нафақахурон осон мешуд. Шукр, ки фарзандонам кор мекунанд ва рӯзии моро таъмин мекунанд”, - иброз намуд Умрихола.
Баъзеҳо аз поёншавии нарх изҳори шомонӣ меварзанд ва умедворанд, ки нархҳо поёнтар хоҳад шуд. Тайи се моҳи охир рӯз ба рӯз нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа ё “рекордӣ” боло рафт.
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Таъсири нархи сӯзишворӣ: дар Суғд роҳкиро 25 % баланд шуд
Андозаи болоравии нарх дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ беш аз 50% рақам зада мешуд. Дар моҳҳои январ феврали соли ҷорӣ гази моеъ 4,5 сомонӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳамагӣ бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Шурӯъ аз аввали моҳи сентябр арзиши роҳкирои мусофиркашонӣ дар шаҳру навоҳии Суғд аз 25 то 50% баланд шуд ва масъулини ҳукумат сабаби болоравии нархро ба маводи сӯхт нисбат додаанд.
Тоҷикистон маводи сӯхтро аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала