Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон коҳиши коронавирусро сабт кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз коҳиши гирифторони коронавирусро дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз наз наздик расидан ба пойни пандемия дар кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 24 соати гузашта дар кишвар танҳо ташхиси коронавируси 10 тан мусбат шудааст.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ, аз оғози паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон, 17 064 нафар бо сирояти нави коронавирус бемор шудаанд.
Давоми шабонарӯзи ахир ҳамзамон 12 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфта, шумораи умумии сиҳатшудагон 16,927 нафарро ташкил дод.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ваксина хайр кард
Аз нимаи моҳи август дар кишвар ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашуда; дар маҷмӯъ 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Қобили зикр аст, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон авохири моҳи август рӯ ба коҳишёбӣ овард.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро дилпурона паси сар карда истодааст.
Хотиррасон мекунем, ки Вазорати тандурустӣ мунтазам аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя кунанд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала