Тазоҳуроти тоҷикони муқими Ню-Йорк дар назди бинои СММ барои ҳимоят аз Панҷшер - навор

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи акс70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН
70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Тоҷикони муқими шаҳри Ню-Йорки Амрико барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон ба назди бинои СММ рафтанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Талабшо Муқимов, рӯзноманигор тоҷик дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ навори тазоҳуроти тоҷикон дар назди бинои СММ-ро нашр кардааст.
Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар тоҷикони муқими шаҳри Ню-Йорк барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон дар назди бинои СММ даст ба тазоҳурот задаанд.
“Айни хол: New York, Назди Бинои СММ, хамоиши эътирози барои химояи Панчшери Афгонистон барои хифзи ному замини Точикон!”, -навиштааст Талабшоҳи Муқим.
Ҳамчунин вай таъхкид доштааст, ки ҳамоиш тахти шиори "Сулх ба Афгонистон ва адолат ба Панчшер" баргузор шуд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи август дар заминаи баровардани низомиёни Амрико Толибон* ҳамаи шаҳрҳои калон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро ишғол карда, аз анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд.
Ягона вилояте, ки зери таъсири Толибон* набуд, Панҷшер аст.
Дар ин минтақа - таҳти роҳбарии фармондеҳи ҷавон Аҳмад Масъуд - нерӯҳои муқовимат мустақар шуд.
Сохайль Шахин, представитель политического офиса движения Талибан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Толибон*: барои мубориза бо терроризм ниёз ба кумаки хориҷӣ надорем
Ҳам Толибон* ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз муваффақиятҳои худ хабар медиҳанд.
Чанд рӯзи ахир аз ин минтақа хабарҳо гуногун мерасад. Расонаҳо аз ваҳшиятҳои Толибон* нисбати ғайринизомиён хабар медиҳанд.
* ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала