Толибон* дар қасри моршол Дӯстум дар Кобул – видео

© AP / Aijaz RahiВице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Толибон* навореро аз дохили хонаи моршол Абдулрашиди Дӯстум ба нашр расониданд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Пас аз фурупошии низом дар Афғонистон ва ба сари қудрат расидани Толибон* дар ин кишвар, афроди масъул ба хусус мақомоти пешини Афғонистон хонаҳои худро аз тарси Толибҳо* тарк карданд ва дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурданд.
Толибон* пас аз дохил шуданд ба Кобул, вориди хонаҳои шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ, Абдулрашид Дӯстум ва дигар шахсони расмӣ шуданд.
Наворҳои камтар дида шуда аз дохили хонаҳои сиёсатмадорони собиқи Афғонистон, аммо ҳоло, бо ворид шудани Толибон* ба Кобул онҳо наворҳоеро ба нашр мегузоранд ва зиндагии сиёсатмадорон нақл мекунанд ва изҳор медоранд: "Мардум нони хурдан надоранд, аммо онҳо қасрҳо месозанд".
Як ҷангҷӯи Толибон* ҳангоми боздид аз хонаи маршал Дӯстум гуфт: "Ман фикр мекунам, ки Дӯстум дар Афғонистон золим буд. Мардум нони хурдан надоранд, аммо ӯ қаср дорад. Дар деворҳои хонаи дӯстам расмҳои зиёди аспҳоро дидан мумкин аст”.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала