Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад

© Министерство труда и занятости РТ Ширин Амонзода, министру труда и занятости провел встречу с лидерами таджикских диаспор
Ширин Амонзода, министру труда и занятости провел встречу с лидерами таджикских диаспор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Обуна шудан
Ширин Амонзода ахиран дар мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷик таъкид кардааст, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, хуб ба роҳ монда аст ва мақомот, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф менамояд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Дар аввал Вазир ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карду қайд кард, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.
Вай зимни суҳбат қайд кард, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ хуб ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад.
Ширин Амонзода, вазири меҳнати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Музди ночиз: чаро созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират амалӣ намешавад
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.
Манбаъ илова кардааст, ки дар ин дидор ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0