Байден хатои ИМА-ро дар Афғонистон гуфт

© AP / Susan WalshПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА, иштибоҳашонро дар Афғонистон гуфта, таъкид намуд, ки тасмими берун рафтан аз ин кишвар дуруст буд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik.Раисиҷумҳури ИМА мегӯяд, талошҳо барои зери назорати як ҳукумат овардани Афғонистон иштибоҳ буд.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронияш дар маросими бахшида ба ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 баён дошт/
Байден иштибоҳ хонд, ки ИМА баъди нобуд кардани Усома бен Ладен, роҳбари созмони террористии "Ал - Қоида"*, дар Афғонистон монду талоши созмони ҳукумати ҳамашумул кард.
Ӯ аз он зикр кард, ки ИМА 300 миллион долларро дар як рӯз тайи 20 сол сарф мекард ва ҳатто баъди нобудсозии Бен Ладен талоши муттаҳид кардани ин давлат таҳти назорати як давлатро дошт, ки иштибоҳ буд.
Раисиҷумҳур эътироф кард, ки хатари "Ал Қоида"* ҳанӯз ҳам ҷой дорад ва ин ҳаракат аллакай пайдо шудааст, аз ҷумла дар бархе ҷойҳои дигар низ.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Рӯйхати террористон – "туҳфа" – и Устод Ато ба ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой
"Пас стратегияи мо дар чист? Ҳар ҷое, ки "Ал Қоида"* пайдо шавад, мо ба он ҷо нерӯҳои худро ворид созем?", - изҳор доштаст Байден, ки сабти онро шабакаи C-SPAN нашр кардааст.
Ӯ хотиррасон намуд, ки аксари аҳолии ИМА аз қарори берун кардани нерӯҳо ҷонибдорӣ мекунанд, танҳо шевае, ки ин кор анҷом дода шуд, боиси норозигӣ гардидааст.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва ғарб аз Афғонистон, ки то охири моҳи августи соли равон анҷом ёфт, ҳаракати Толибон* босуръат марзу марказҳои Афғонистонро ғасб намуда, 15 август вориди Кобул шуд. Феълан ин созмон аз ташкили аморати исломӣ хабар дода, ҳукумати муваққатии худро эълон намуд, ки дар он асосан аъзои Толибон* шомил мебошанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала