Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Халабонони афғон аз Ӯзбекистон ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол дода мешаванд: ВАО

© Sputnik / Александр Поляков / Гузаштан ба хазинаи аксСтратегический американский бомбардировщик B-52. Архивное фото
Стратегический американский бомбардировщик B-52. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
585 афғон аз Ӯзбекистон ба пойгоҳи низомии ИМА дар Доҳа интиқол дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бо Ӯзбекистон созише ба даст овардааст, ки тибқи он як гурӯҳи халабонони нирӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки ба ин кишвар меоянд, дар охири ҳафта ба пойгоҳи низомии Амрико интиқол дода мешаванд, менависад Wall Street Journal бо истинод ба манобеи худ.
Сухан дар бораи халабонҳои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон меравад, ки пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон бо хешовандонашон бо ҳавопаймо ва чархболҳои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон ба Ӯзбекистон фирор карданд.
Қайд карда мешавад, ки Толибон* барои расидан ба истирдоди онҳо ба мақомоти Ӯзбекистон фишор овардаанд.
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Ҷосуси Толибон* дар Бритониё боздошт шуд
Тавре рӯзнома таъкид мекунад, худи халабонҳо, сарфи назар аз афви эълонкардаи Толибон* барои ҳамаи мансабдорон ва низомиён, аз бехатарии худ ва хонаводаҳояшон дар ҳаросанд.
Дар маҷмӯъ, дар Ӯзбекистон 585 халабони афғон, аъзои экипаж ва хешовандони онҳо ҳузур доранд.
Интизор меравад, ки онҳо "ба пойгоҳи низомии ИМА дар Доҳа парвоз кунанд", аммо ҳоло маълум нест, ки пасон ба ИМА мераванд ё ба ҷои дигар.
Тибқи маълумоти WSJ, дар Ӯзбекистон 46 ҳавопаймо ва чархболҳои низомии Афғонистон мавҷуданд, ки қаблан омада буданд, сарнавишти минбаъдаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад.
Нашрия менависад, ки Толибон* хостори баргардонидани ҳавопаймоҳо ба Афғонистон шудаанд, аммо чунин иқдом эҳтимолан боиси мухолифати шадиди ИМА мешавад.
Люди ждут у пункта пропуска  в пакистано-афганском пограничном городе Чаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Гурезаҳо ба ивази миллионҳо: НАТО дар назди Тоҷикистон ба зону мезанад
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки намояндаи Толибон* Суҳейл Шоҳин зарурати бозгашти халабонҳои афғонии фирориро эълон кард.
"Ин халабонҳо бояд ба кишвари худ баргарданд, давлат ба онҳо ниёз дорад", - гуфт Шоҳин, иқтибос аз рӯзнома.
Авоили моҳи август Толибон* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро тақвият дода, 15 август вориди пойтахт шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, эвакуатсияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд.
Сохайль Шахин, представитель политического офиса движения Талибан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Толибон*: барои мубориза бо терроризм ниёз ба кумаки хориҷӣ надорем
Рӯзи 6 сентябр Толибон* эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд.
Ба ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали Толибон* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Амирхон Муттақӣ сардори вазорати корҳои хориҷӣ шуд, Муҳаммад Ёқуб вазорати дифоъ ва мулло Ҳаққонӣ вазорати корҳои дохилиро раҳбарӣ кард. Ҳамаи онҳо узви ҷунбиши Толибон* буда, аз ҷиҳати этникӣ ба иттиҳодияҳои қабилавии паштунҳои Дурронӣ ва Гилзай тааллуқ доранд.
*ҳаракати террористӣ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала