То қароргоҳи волӣ: вазъи таъминоти барқ, ғизо ва интернет дар Панҷшер

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузаштан ба хазинаи аксПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Толибон* бо вуҷуди эълони тасаллуташон бар Панҷшеру ваъдаи интиқоли барқ ҳанӯз ҳам пурра музофотро бо нерӯю алоқа таъмин намекунанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Таъминоти барқ дар Панҷшер танҳо қисман барқарор шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеяш.
Ба иттилои хабаргузорӣ, феълан нерӯи барқ дар Панҷшер аз даромадгоҳи водӣ то қароргоҳи волӣ таъмин мебошад. Аз ин нукта шимолтар ҳанӯз барқ дастрас нест.
Зикр шудааст, ки феълан интернет пурра қатъ буда, алоқаи мобилӣ аз бархе ширкатҳо танҳо дар бархе қуллаҳо дастрас мебошад.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Ҳамлаи нерӯҳои муқовимати миллӣ ва ақибнишинии Толибон* дар Бағлон - манбаъ
Қаблан ширкати барқрасони минтақаӣ иттилоъ дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба Панҷшер аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол Толибон* ҳанӯз ҳам интиқоли маводи ғизоиро ба Панҷшер иҷозат намедиҳанд.
Таъкид шудаст, ки зӯргӯӣ нисбати сокинони мулкӣ ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки бархе навори бархе ҳолатҳо ба интернет низ роҳ ёфтаанд. Сокинони мулкӣ барои худ роҳи дигар, ҷуз тарки вилоят карданро намебинанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала