Лукашенко гуфт, роҳбарони ИДМ дар Минск мулоқот мекунанд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузаштан ба хазинаи аксРабочий визит президента РФ В. Путина в Республику Беларусь
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Республику Беларусь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус аз ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар Минск хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Белорус мегӯяд, роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил нимаи моҳи октябр ба шаҳри Минск мегӯянд. Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот ба иттилои пешакӣ 15 октябр дар назар аст.
Лукашенко изҳор дошт, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш ӯ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мушахассоти густариши ҳамкориро баррасӣ хоҳнад кард.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Рӯйхати террористон – "туҳфа" – и Устод Ато ба ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой
"Мо ба мувофиқа расидем, ки якбора тасмимгириҳо зиёд нашаванду пеш аз Шӯрои олии давлатӣ дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ мулоқот кунему мушахассотро баррасӣ созем", - иттилоъ дод аз қавли Лукашенко хабаргузории БелТА.
Ин дар ҳолест, ки ҳамоиши қарибулвуқӯи президентҳо дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Интизор меравад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шаванд, ки дар онҳо баррасии масоили муҳими минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон дар назар дошта шудаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала