Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Нақли зани фирорӣ дар бораи муносибати Толибон* бо занони афғон

© AFP 2021 / MARTIN SYLVESTДевушки в хиджабе, архивное фото
Девушки в хиджабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Фармонҳои мақомоти нав ба занони Афғонистон зарбаи сахт заданд: онҳо ҳуқуқҳои солҳои тӯлонӣ талошкардаашонро аз даст медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Пеш аз ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи ҳуқуқи занон дар Афғонистон хеле беҳтар шуда буд. Дар ин бора як фаъоли ҷомеавӣ Арезо ба РИА Новости гуфтааст.
Ба гуфти вай, хонаводаҳо ба таҳсили духтарон дар мактабҳо бештар диққат медоданд ва ҳуқуқи онҳо бо писарон баробар мешуд.
Арезо қайд мекунад, ки тағйироти навбатии қудрат ҳама чизро дигар кард. Аз тарси ҷангҷӯён, духтарони аз 7 то 9 -сола ҳарчанд бо рӯймол мегарданд, аз рафтан ба мактаб меҳаросанд. Ҳоло дар он ҷо танҳо писарон таҳсил мекунанд.
"Дарсҳои муштарак дар мактабҳо манъ аст ва кӯдакони ҷинси мухталиф то синфи панҷум якҷоя таҳсил мекарданд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, заноне, ки дар созмонҳои давлатӣ кор мекарданд, аз Толибон* дастурҳои махсус гирифтаанд. Ҷангҷӯён талаб карданд, ки то мутобиқ шудани созмонҳо ба тартиби нав дар хона бимонанд.
Студенты во время урока в университете Avicenna в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Якҷо нашинед: таҳсилоти зану мард дар донишгоҳҳои Афғонистон дар аҳди Толибон* - аксҳо
Муассисаҳо бояд барои занон ҷойҳои алоҳидаи корӣ фароҳам оранд. Ҳар як корманд вазифадор аст ниқоб пӯшад, то тамоми рӯйро ба истиснои чашм пӯшонад.
"Дар гузашта занони коргар дар тан либоси муқаррарӣ - шим, курта дар бар доштанд ва чеҳраҳояшонро кушода мемонданд", - гуфт Арезо.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳомии ҳуқуқ аз Афғонистон ба Қатар фирор кардааст. Дар тӯли якчанд ҳафта беш аз 58 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба кишвар кӯчонида шуданд.
Бисёре аз афғонҳо дар Қатар боқӣ мемонанд ва мунтазири раводид аз кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.
Қаблан Толибон* дар донишгоҳҳои Афғонистон қоидаҳои қатъиро ҷорӣ карда буданд. Ҳоло духтарон аз писарон алоҳида таҳсил мехонанд, либосҳои пӯшида ва ниқоб доранду аз дарс панҷ дақиқиа пеш аз писарон мебароянд.
* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала