Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сардори хадамоти иктишофии Тоҷикистон ба Покистон парвоз кард

© Sputnik / Кирилл КаллиниковСамолет Airbus в небе
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Покистон бо намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Исломобод нишасти сарони хадамоти иктишофии Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин баргузор шуд. Дар ин бора India Today хабар медиҳад.
Бино ба гузориши рӯзнома, ташаббускори мулоқот директори Хадамоти иктишофии байниидоравии Покистон генерал Файз Ҳамид будааст.
Иштироккунандагони вохӯрӣ вазъи ноороми Афғонистонро муҳокима карда, оид ба рухдодҳои охири ҷумҳурии ҳамсоя, табодули афкор намуданд ва ҳамчунин чораҳои зарурӣ барои "сулҳу суботи пойдор" дар минтақаро баррасӣ карданд.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Покистон кумак ба Толибонро* барои ишғоли Панҷшер рад мекунад
Ҳафтае қабл мақомоти Покистон аллакай чунин як чорабинӣ баргузор карда буд, аммо Русия дар он иштирок накард.
Намояндагони кишварҳои ҳамсояи ҷумҳурӣ дар як конфронси калони онлайнӣ бахшида ба Афғонистон ҷамъ омаданд.
Ба гуфти Муҳаммад Содиқ, фиристодаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, ширкаткунандагони мулоқот "якдилона гуфтанд, ки сулҳ дар кишвар барои амният, субот ва шукуфоии тамоми минтақа муҳим аст".
Пакистанский истребитель F-16, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард: расонаҳо
Вай қайд кард, ки равиши минтақавӣ барои амалӣ намудани потенсиали ҷумҳурӣ, инчунин ҳалли мушкилоти умумӣ мусоидат мекунад.
Маҳз муҳити осоишта дар Афғонистон ба ҳамгироии иқтисодӣ, робитаҳои қавии одамон, афзоиши тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ такон мебахшад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала