Вазири Фаронса аз дурӯғгӯии Толибон* гуфту барои ҳукуматашон шартҳо гузошт

© AFP 2021 / KARIM JAAFARЧлены движения "Талибан" присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Теъдоди кишварҳое, ки ҳамкорӣ ва эътирофи ҳукумати Толибонро* рад мекунанд, майли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Фаронса эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро, ки аз ҷониби Толибон* ташкил шудааст, рад намуд. Дар ин бора вазири умури умури хориҷии Фаронса, Жан-Ив Ле Дриан зимни суҳбат дар шабакаи France 5 иттилоъ дод.
"Фаронса эътироф ва ҳаргуна ҳамкорӣ бо ин ҳукуматро рад мекунад. Мо амалҳояшонро интизорем ва бархе шартҳои худро гузоштем", - изҳор дошт Ле Дриан.
Встреча президента РФ В. Путина с канцлером Германии А. Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Меркел гуфт, на ба ҳамаи аҳдофашон дар Афғонистон расиданд
Ӯ афзудаст, ки барои ҳамкорӣ, Толибонро зарур аст, ба афроде, ки хоҳиши тарки ватанро доранд, иҷозаи берунравӣ диҳад. Инчунин бояд расондани кумаки башардӯстонаро ба навоҳие, ки таҳти назорати бевоситаашон қарор надоранд, иҷозат диҳанду ҳуқуқи инсонро риоя намоянд.
Аз шартҳои дигари Фаронса қатъи ҳамкории Толибон* бо "Ал-Қоида"* мебошад.

"Онҳо чандин бор гуфтанд, ки ба атбои хориҷӣ ва афғонҳо иҷозаи берун рафтан аз Афғонистонро хоҳанд дод, ҳукумати ҳамашумул бо намояндагӣ аз ҳамаро ташкил медиҳанд. Аммо дурӯғ мегӯянд. Натиҷа нест", - таъкид намуд Ле Дриан.

Ин дар ҳолест, ки Толибон* аллакай ҳукумати ҷадидашонро 7 сентябр эълон карданд, ки асосан аз аъзои ин ҳаракати мамнӯъ дар бисёри кишварҳо иборат мебошад. Инчунин шомил кардани занонро ба ҳукумати ҷадидашон Толибон* рад намуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала