Афғонистон хостори барқарор кардани парвозҳои миёни Кобулу Маскав шуд

© AFP 2021 / Wakil KohsarПассажиры в аэропорту Кабула
Пассажиры в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Афғонистон азм дорад, парвозҳои миёни ин кишвар бо Русия ва Туркияро барқарор кунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон мехоҳад парвозҳои миёни ин кишвар бо Русия ва Туркия аз сар гирифта шавад. Дар ин бора мудири Ширкати ҳавонавардии кишварии Афғонистон Мавлавӣ Абдулҳодӣ Ҳамдард хабар дод.
Чанде пеш як ширкати ҳавопаймоии покистонӣ нахустин парвози тиҷории худро ба фурудгоҳи Кобул пас аз хуруҷи низомиёни Амрико анҷом дод. Ин парвоз 10 мусофир дошт.

"Рӯзҳои охир мо парвозҳоеро аз Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қазоқистон ва Покистон қабул намудем. Ҳоло барқарор шудани парвозҳо бо Русия ва Туркия ба назар гирифта шудааст", - изҳор дошт Ҳамдард.

Феълан "Росавиатсия" дар ин маврид посух надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 9 сентябр ҷангиёни "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, фазои ин кишварро барои ҳавопаймоҳои хориҷӣ боз гузоштанд.
Қаблан, рӯзи 26 август, бар асари силсилатаркишҳо хатти парвоз ва терминали фурудгоҳи Кобул шадидан осеб дида буданд.
Взлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Таркиши навбатӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул - навор
Зимнан, нахустин парвози дохилӣ рӯзи 4 сентябр сурат гирифт. Парвози байналмилалӣ бошад, рӯзи 9 сентябр ба Доҳа анҷом шуд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала