Анҷоми се бозии даври чорякниҳоӣ ва маълум шудани иштирокдорони сабқати нимниҳоӣ

© сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонФутболбозони тими Хуҷанд
Футболбозони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаи бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми ҷумҳурӣ - 2021 хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Кумитаи олимпӣ мегӯяд, дар натиҷаи се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаҳои "Хуҷанд", "Равшан" ва "Эсхата" ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ба иттилои манбаъ, тими “Хуҷанд” бо шарофати ягона голи Далер Ёдгоров дар майдони худ дастаи “Хатлон”-и Бохтарро мағлуб намуд. Дар ин зӯрозмоӣ Самандар Очилов, Наимҷон Иброҳимзода аз "Хуҷанд" ва Худойдод Узоқов, Парвиз Охунов, Тони Бикатал, Хушвахт Миров аз "Хатлон" огоҳӣ гирифта, беҳтарин бозигар Далер Ёдгоров дониста шуд.
Тими “Хуҷанд” дар даври ниманиҳоӣ бо “Равшан”-и Кӯлоб вориди майдон мешавад, ки дар чорякфинал бар тими КМВА бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дастаи “Эсхата” дар даври чорякфинал дастаи “Истаравшан”-ро шикаст дод.
Тренер иранского Персеполиса Яхё Гулмухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Изҳори омодагии мураббии маъруфи эронӣ барои фаъолият дар тими миллии Тоҷикистон
"Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо натавонистанд ҳисобро тағйир диҳанд", - тавзеҳ дод Кумита.
Дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметрӣ дарвозабони "Эсхата" хуб ҳунарнамоӣ карда, дар натиҷа бозӣ бо пирӯзии тими бонкдорҳо бо ҳисоби 3:2 анҷомид. Беҳтарин бозигари ин бозӣ Муминҷон Гадойбоев аз тими "Эсхата" дониста шуд.
Дар даври ниманиҳоӣ дастаи “Эсахата” бо ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Файзканд” вомехӯрад, ки ин бозӣ баъдтар баргузор хоҳад шуд. Феълан санаи дақиқи ин бозӣ гуфта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0