Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Дар рӯзи аввали нишаст раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия мулоқот мекунад. Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо сарвазири Покистон Имрон Хон низ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамин ҳафта барои анҷоми як сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад.
Сухангӯи ӯ Шерзод Асадов зимни як нишаст изҳор дошт, ки Мирзиёев ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали нишаст Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад.
Гузашта аз ин Мирзиёев рӯзи 16 сентябр бо сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот мекунад.
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Ҳайати Афғонистон дар нишасти СҲШ ширкат намекунад
Зимнан рӯзи 17 сентябр мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад ва дар ин рӯз сарвари Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Бояд гуфт, СҲШ тайи ин нишаст бистумин солгарди худро таҷлил мекунад. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мегузарад.
Дар баробари ин нишасте дар формати нав - нишасти "Созмони Ҳамкории Шанхай - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" низ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисиҷумҳурон ва сарвазири Покистон вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала