Изҳороти муштарак сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон

© сомонаи СААДПарчамҳои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Парчамҳои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон изҳороти муштарак хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Тибқи иттилои котиботи СААД, дар ин мулоқот сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, роҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури мизбон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳузури дабири кулли СААД Станислав Зас низ дар назар аст.
Ба гузориши дафтари матбуотии СААД, яке аз масоили муҳимтарини мулоқот вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон мебошад. Имзои бархе санадҳо дар таъминоти нерӯҳои муштараки СААД, таҷҳизи онҳо бо силоҳу муҳимоти муосир ва баррасии буҷаи созмон барои соли 2022 тайи ин ҷаласа дар назар аст.
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
"Толибон"* хабари марги Мулло Бародарро рад кард
Раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад ва дар мулоқоти Душанбе сарвазир Никол Пашинян авлавиятҳои кишварашро дар кори созмон муаррифӣ хоҳад кард.
Як рӯз қабл аз мулоқоти роҳбарони давлатҳои узв, рӯзи 15 сентябр ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои созмон баргузор мешавад, ки зимни он вазъи низомию сиёсии минтақа баррасӣ мегардад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Душанбе изҳороти муҳими сиёсӣ, аз ҷумла изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД дар бораи вазъи Афғонистон ироа шавад.
Вазъи Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Ғарб ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* дар ин кишвар мураккаб шудааст. "Толибон"* аз ташкили аморати исломӣ хабар дода, идораи давлатро бо тафсири хоси қоидаҳои шариат роҳандозӣ карданист.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала