Ҳайати Афғонистон дар нишасти СҲШ ширкат намекунад

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Ҳама кишварҳои узв дарк мекунанд, то замоне ки ҳукумати қонунии эътирофшуда дар Афғонистон вуҷуд надошта бошад, барои даъват кардани он ҳеҷ далеле вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати Афғонистон дар нишасти солонаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 16 то 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат намекунад.
Дар ин бора Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар умури СҲШ, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ба ТАСС хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ , имконияти даъвати меҳмонон ба нишасти СҲШ аз масъулиятҳои кишвари раисикунанда аст ва қаблан даъватнома ба раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки Афғонистон аз аъзои нозир дар СҲШ аст, фиристода шуда буд.

"Аммо дар ин марҳила ҳамаи кишварҳои узв дарк мекунанд, то замоне ки ҳукумати қонунии эътирофшуда дар Афғонистон вуҷуд надошта бошад, барои даъват кардан ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. Ҳамто ҳанӯз пайдо нашудааст", - гуфт ӯ.

Дар посух ба суоли "оё маълум аст, ки Афғонистонро дар нишасти қарибулвқуъ ҳеҷ кас намояндагӣ нахоҳад кард?", Ҳакимов гуфтааст: "Ба эҳтимоли зиёд, бале".
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Аз Путин то Раисиву Имрон Хон: Маълум шуд, ки ба Тоҷикистон кадом президентҳо меоянд
Қарор аст, рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ баргузор шавад.
Ҳоло СҲШ ҳашт кишварро шомил мешавад: Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон.
Дар назар аст, дар бораи узвияти Эрон низ дар ин нишаст тасмим гирифта шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала