Ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

© сомонаи СҲШҶаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе то 15 сентябр давом мекунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Созмони ҳамкории Шанхай бо нашри як иттилоия аз ҷараёни кори ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати намояндагони Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоҳангсозони миллӣ масоили омодагӣ ба мулоқоти ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ-ро, ки 16 - 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин санадҳое ниҳоӣ хоҳанд шуд, ки барои имзо ба роҳбарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳод мегарданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ кори ниҳодҳои гуногуни кишварҳои узвро ҳамоҳанг месозанд. Соли равон Тоҷикистон роҳбари СҲШ-ро ба уҳда дорад, ки соли ҷашнӣ - таҷлил аз 20-умин солгарди ташкили ин созмон низ мебошад.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе
Ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе зери шиори "20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ ба хотири субот ва рушд" баргузор мешавад, омадааст дар иттилоияи ин созмон.
Феълан дар СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил буда, интизор меравад, ки имсол барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар ин нишаст тасмим гирифта шавад.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон, Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) дар ин нишаст иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала