Дар Хуҷанд қуттиҳои партовро нав мекунанд, аммо шаҳр аз партов пок мешавад?

© Sputnik В Худжанде обновили мусорные баки
В Худжанде обновили мусорные баки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Масъулони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд" ҳудуди 200 қуттиро, ки ҳар кадом барои навъҳои мухталифи партов пешбинӣ шудааст, дар кӯчаҳои шаҳр гузоштанд
ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Чунин қуттиҳои нави партов феълан дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд гузошта шудаанд.
Даврон Шокиров, мудири кулли КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шумори қуттиҳои нав ба беш аз 500 адад расонида шуда, қуттиҳои кӯҳнаи партов иваз карда мешаванд.

"То охири сол шумори қуттиҳои нав, ки ҳар кадом барои навъҳои гуногуни партов сохта шудааст, дар ҳамаи нуқтаҳои партовпартоии кӯча ва маҳаллаҳои шаҳр гузошта мешаванд”, - афзуд Шокиров.

Мудири КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд" гуфт, ин кор имкон фароҳам меорад, то дар Хуҷанд коркарди партов ба роҳ монда шуда, ба ин васила шаҳр сари вақт аз ифлосӣ пок шавад.
Ҳоло яке аз мушкили ҷиддӣ дар шаҳри Хуҷанд сари вақт тоза нашудани партов гуфта мешавад. Сари ҳар вақт паҳншавии партовҳо дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад.
Масъулони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд", ки муассиси ин корхона ҳукумати шаҳр ба ҳисоб меравад, иброз доштанд, дар тавозуни ин корхона 24 мошини партовбарии қобили истифода мавҷуд аст ва ҳамарӯза, аз соати 4 то 11 ва аз 17 то 12 - и шаб мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар шаҳри Хуҷанд дар умум 175 адад нуқтаи партов ва 780 адад қуттӣ мавҷуд аст. Партови ҷамъшуда бинобар мавҷуд набудани корхонаи коркарди партов ҳамарӯза дар партовгоҳи канори шаҳр гуронида мешавад.
Пластиковый пакет на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Истиқболи Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз роҳандозии коркарди партов дар шаҳри Турсунзода
Даврон Шокиров яке аз сабабҳои сари вақт тоза нашудани партовҳоро риоя нашудани замони муайяншуда барои бурдани партов аз тарафи сокинон медонад.
Сокинони Хуҷанд дар навбати худ мегӯянд, ки дар баробари обу барқ барои партови маишӣ ҳар моҳ маблағ пардохт мекунанд, аммо сари вақт маҳаллаҳо аз қуттиҳои пур аз партов тоза карда намешаванд.
Қуттиҳои куҳнаи партовро аз кӯчаҳои Хуҷанд барчиданд
Санавбар, як сокини маҳаллаи 20-и Хуҷанд изҳор дошт, ки барои пардохти маблағи партов ҳар моҳ кормандони идораи партовбарӣ дари хонаи онҳоро мекӯбанд, вале ҷамъши партовҳо дар назди бинои истиқоматиашон ҳамеша ба назар мерасад. "Мо дар оила чаҳор нафар зиндагӣ мекунем ва ҳар моҳ 20 сомонӣ барои партов пардохт мекунем", - , гуфт ин сокини Хуҷанд.
Ҳаққи маблағи партов, барои ҳар нафаре, ки дар ошёнаҳо зиндагӣ мекунад, 5 сомонӣ ва барои онҳое, ки дар ҳавлиҳо иқомат мекунанд, 8 сомонӣ муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0