Маскав ба 200 ҳазор муҳоҷир ниёз дорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ аз мушкили норасоии қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия гуфта буд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар сохтмонҳои шаҳри Маскав ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири корӣ намерасад, мегӯяд муовини мири ин шаҳр Владимир Ефимов.
Ноиби шаҳрдор дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" аз норасоии шадиди нерӯи корӣ дар сохтмонҳои Маскав гуфтааст.

"Ин мушкилӣ имрӯз то ҳол боқист. Ҳоло дастикам 200 ҳазор муҳоҷир дар сохтмонҳо намерасад. Мо умедворем, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳои вуруди онҳо ба Русия камтар мешаванд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, норасоии нерӯи корӣ боис шудааст, ки корфармоён аз ҳамдигар коргарҳоро "мехаранд". Ӯ мегӯяд, ин раванд оқибати хуб надорад, чун дар пайи он арзиши хидмати коргарон метавонад афзоиш ёбад.
Қаблан мири шаҳри Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки норасоии муҳоҷирон бинобар пандемия таваррумро ба таври назаррас афзудааст.
Мужчина в пиджаке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Раҳими ғармӣ дар бораи пулёбӣ, ашкрезию муваффақият дар муҳоҷират ва мошинҳояш - видео
Дар ҳамин ҳол сардори дастгоҳи шаҳрдорӣ таъкид кард, ки норасоии нерӯи корӣ (бахусус дар сохтмонҳо) на аз сабаби кам будани муҳоҷирон, балки дар пайи афзоиши сохтмон дар шаҳр ба вуҷуд омадааст.
Ёдовар мешавем, ки бо авҷ гирифтани коронавирус муҳоҷирони корӣ дар Русия ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Аз ҷумла муҳоҷироне, ки дар аввоили сар задани ин беморӣ аз Русия берун рафтанд, то як муддат имкони баргашт надоштанд.
Лентаи хабарҳо
0