Аз Путин то Раисиву Имрон Хон: Маълум шуд, ки ба Тоҷикистон кадом президентҳо меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на Дворец президента в Душанбе
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон исми меҳмонҳои олиеро, ки дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе ширкат мекунанд, нашр кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида ба 20 -умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад, хабар додааст дафтари матбуотии вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар нишасти Душанбе сарони кишварҳои узви СҲШ - Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамзамон сарони кишварҳои нозирони СҲШ - президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳими Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) дар ин нишаст иштирок мекунанд.
Флажок с логотипом Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Эрон дар саммити Душанбе узви нави СҲШ хоҳад шуд
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун меҳмони фахрӣ, дабири кулли СҲШ Владимир Имамович Норов ва мудири Кумитаи иҷроияи сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Фаёзович Ғиёсов дар нишаст ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавии ИДМ, ОДКБ, САҲА, ЭКО ва ИИАО аз ҷумлаи дигар шикатдорони ин нишаст мебошанд.
Интизор меравад, пас аз натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дар бораи роҳандозии тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси як узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба кишварҳои Миср, Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул карда шавад.
Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи дабири кулли нави Созмони Ҳамкории Шанхай ва мудири Кумитаи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.
Дар поёни ҷаласа барои бори аввал дар таърихи СҲШ суруди созмон, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0